Афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i322-Афзоиши_истихроҷи_ангишт_дар_Тоҷикистон
Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба унвони муҳимтарин сӯхти мавриди истифода дар саноеи ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол 55 дарсад афзоиш ёфта ва ба беш аз 500 ҳазор тон расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2016 04:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба унвони муҳимтарин сӯхти мавриди истифода дар саноеи ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол 55 дарсад афзоиш ёфта ва ба беш аз 500 ҳазор тон расидааст.

Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 55 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сойти Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон, дар шашмоҳаи имсола беш аз 500 ҳазор тон ангиштсанг истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол 177 ҳазор тон афзоишро нишон медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, рӯзона дар Тоҷикистон ба таври миёна 7 ҳазор тон ангишт истихроҷ мешавад.

Ба далели набуди гази табиии дохилӣ ва қатъи содироти ин навъи сӯхт аз сӯйи Узбакистон ба Тоҷикистон, акнун беш аз 200 корхона ва маркази тавлидӣ дар ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

Дар соли 2015 аз панҷ майдони умдаи ангиштсанг дар ин кишвар беш аз як миллион тон сӯхт истихроҷ шуд, ки дар торихи ин ҷумҳурӣ рекорд ба ҳисоб меояд.

Дар Тоҷикистон захоири бузурги ангишт дар майдонҳои ангишти "Фон-Яғноб" ва "Шӯроб" дар устони Суғд, "Назарайлоқ" дар водии Рашт, "Зидеҳ" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат мавриди истифода қарор мегирад.