Бозор Собир дар Амрико бистарӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32238-Бозор_Собир_дар_Амрико_бистарӣ_шуд
Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аз бистарӣ шудани Бозор Собир, шоири номдори тоҷик дар Амрико хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 06, 2018 12:14 Asia/Dushanbe
  • Бозор Собир дар Амрико бистарӣ шуд

Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аз бистарӣ шудани Бозор Собир, шоири номдори тоҷик дар Амрико хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Низом Қосим гуфт, ин шоири барҷастаи тоҷик дар бемористоне дар шаҳри Сиэтли Амрико бистарӣ шудааст. Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аз вазъияти феълии саломатии Бозори Собир изҳори беиттилоӣ кардааст, аммо рӯзи панҷшанбе Гулчеҳра Собир ҳамсари шоири номдор аз вахомати ҳоли ӯ ба расонаҳо хабар дода буд.

Пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ гузориш додааст, Эмомалӣ Раҳмон дар дастуре ба Вазорати умури хориҷӣ, сафорат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва соири ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон аз онҳо хостааст, аз ҳеҷ кумаке ба Бозор Собир барои дармон ва бозгашти сареи ӯ ба меҳан дареғ наварзанд.

Бозор Собири 79-сола яке аз шинохтатарин ва баҳсбарангезтарин шоирони Тоҷикистон аст. Ӯ, ки замоне дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуда буд ва дар ҳоли ҳозир шаҳрванди Амрико аст, дар 27-уми майи соли 2013 дар сафар ба Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз сӯйи мақомоти дафтари иҷроияи раёсатҷумҳурӣ, намояндагони парлумон ва Вазорати фарҳанги ин кишвар мавриди истиқбол қарор гирифт. Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон ӯ дар суҳбат бо расонаҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қадрдонӣ карда гуфта буд, ки қаблан ба меҳан бо ибтикори худ сафар мекард, аммо ин бор боздидаш аз Тоҷикистон бо даъвати раисҷумҳури ин кишвар сурат гирифтааст. Ӯ ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханони худ аз равшанфикрон ва ҷомеаи кишвараш барои муттаҳид шудан дар атрофи Раҳмон ва ҳимоят аз ӯ даъват кард. Собир дар ин сафар бо Раҳмон мулоқот ва дар поёни ин дидор аз ӯ ва давлати Тоҷикистон барои истиқболи гарм қадрдонӣ кард.

Бозор Собир дар сентябри соли 2013, дар остонаи таҷлил аз Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Ситораи президент» қадрдонӣ шуд.