Ҷаримаи се модар дар Тоҷикистон барои эътироз ба ҳукми додгоҳии фарзандонашон
(last modified 2018-04-07T06:39:05+00:00 )
Апрел 07, 2018 11:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи се модар дар Тоҷикистон барои эътироз ба ҳукми додгоҳии фарзандонашон

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се модар аз ноҳияи Исфараро ба сабаби эътироз ба тағйир надодани ҳукми маҳкумияти фарзандонашон ва буридани рагҳои дасти худ, ба пардохти 150 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ин се нафар, ки дар ҷаласаи додгоҳи таҷдиди назари вилояти Суғд барои баррасии дубораи маҳкумияти фарзандонашон ҳузур доштанд, пас аз он ки ҳукми қаблии маҳкумият ба зиндони фарзандонашон қатъӣ шуд, раги дасти худро буриданд.

Мақомоти қазоии вилояти Суғд ин се занро ба иттиҳоми таҳқир ба додгоҳ ва эҷоди халал дар раванди судури ҳукм боздошт карданд ва акнун ҳар як аз онон ба пардохти 150 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Ин се нафар модарони Фарҳод Содиқов, Абдураҳмон Воҳидов ва Ҳоҷӣ Исмоил Баҳоуддинов ҳастанд, ки қаблан бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Конибодом ба иттиҳом дуздии амвол ва пулҳои чанд фаъоли бахши хусусӣ ба 15 то 16 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Додгоҳи таҷдиди назари вилояти Суғд пас аз як сол ин ҳукмҳоро бидуни тағйир боқӣ гузошта буд.

Модарони ин се муттаҳам бо ғайримунсифона хондани ин ҳукм ва ба баҳонаи набуди адолат дар низоми додгоҳии Тоҷикистон, ба нишонаи эътироз раги дасти худро бурида буданд.

Ин дар ҳолест, ки се муттаҳами ёдшуда дар додгоҳи таҷдиди назар гуфта буданд, дар моҷарои дуздӣ даст надошта ва эътирофи аввалияи онон зери фишори шиканҷа гирифта шудааст.