Апрел 08, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Аёдати сафирони Тоҷикистон дар СММ ва Амрико аз Бозор Собир

Ба дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ва Амрико ба аёдати Бозор Собир, шоъири барҷастаи тоҷик ба бемористони шаҳри Сиэттл рафтаанд.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, Муҳаммадамин Муҳаммадамин, сафир ва намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Фарҳод Салим сафири ин кишвар дар Амрико, ба дастури Эмомалӣ Раҳмон барои аёдат  аз Бозор Собири 79 сола, ки чанд рӯзе аст дар бемористоне дар шаҳри Сиэттл бистарӣ мебошад, ба ин маркази дармонӣ омадаанд.

Ба гуфтаи наздикони Бозор Собир акнун ба далели мушкилоти шуш ва роҳҳои нафасаш дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони шаҳри Сиэттл бистарӣ мебошад ва ҳолаш вахим гузориш шудааст. Чанд рӯз қабл пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дастуре ба вазорати умури хорҷа, сафорат, намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ ва соири ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, аз онҳо хоста буд аз ҳеч кумаке ба Бозор Собир барои дармон ва бозгашти вай ба Тоҷикистон, дареғ наварзанд.

Бозор Собри 79 сола яке аз шинохтатарин ва баҳс барангезтарин шоирони Тоҷикистон аст, ки дар гузашта яке аз мухолифони сарсахти давлати феълии Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Ӯ замоне дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуда буд ва дар ҳоли ҳозир шаҳрванди Амрико аст, дар 27 майи соли 2013 милодӣ дар сафар ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз сӯи мақомоти Дафтари иҷроии раёсатҷумҳурӣ, намояндагони парлумон ва Вазорати фарҳанги ин кишвар мавриди истиқбол қарор гирифт. Вай гуфта буд, ки ин бор ба даъвати расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба кишвараш омада ва дар Тоҷикистон хоҳад монд. Собир дар ин сафар бо Эмомали Раҳмон мулоқот ва дар поёни ин дидор аз ӯ ва давлати Тоҷикистон барои истиқболи гарм қадрдонӣ кард. Ҳамчунин дар чандин сафарҳои дохилии Эмомалӣ Раҳмон ва ифтитоҳи тарҳҳое энержӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақл дар канори вай ҳузур дошт. Бозор Собир дар соли 2017 ба баҳонаи дидор бо фарзандон ва набераҳояш аз Тоҷикистон ба Амирко рафт.