Апрел 09, 2018 10:53 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии хона ва мӯзеи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе

Ҳукумати Душанбе ба ифтихори 140 солагии Устод Садриддин Айнӣ Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, тармим ва бозсозии хона ва мӯзаи вайро дар пойтахт оғоз кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, Садриддин Айнӣ се соли охири умри хеш (1950 то 1953)-ро дар хонае дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ки ин хона акнун ба мӯзе табдил шудааст.

Бар асоси тарҳ бозсозии хона ва мӯзеи Садриддин Айнӣ талош мешавад, ки намои аввалияи ин бино ҳифз гардад ва танҳо тағйироте дар ҳавлӣ, боғча ва сомонаи рӯшноии ин манзили маскунии таърихӣ ворид хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон эълом кард, ба муносибати 140-умин солрӯзи таваллуди Устод Садриддин Айнӣ, қаҳрамони миллӣ ва нахустин раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар авохири моҳи апрел, ҳамоиши илмӣ- байналмилалиро дар бораи нақши ин донишманди машҳур дар таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди Шӯравии вақт, хадамоти илмӣ ва адабии вай ба рушди адабиёти ҷадиди миллӣ ва низ шинохти осор ӯ, дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад кард.

Бархе китобҳои Устод Садриддин Айнӣ аз ҷумла “Хотирот”, “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Таърихи фикрии инқилоби Бухоро” токунун дар Эрон низ мунташир шудааст.