Тоҷикистон воридоти гандумро афзоиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32446-Тоҷикистон_воридоти_гандумро_афзоиш_медиҳад
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоиши воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд ба ин кишвар дар се моҳи нахусти имсол хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 10, 2018 04:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон воридоти гандумро афзоиш медиҳад

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоиши воридоти гандум ва коҳиши воридоти орд ба ин кишвар дар се моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар се моҳи нахусти имсол воридоти орд ба ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳашт ҳазор тон коҳиш ва воридоти гандум 36 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Дар ин муддат ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 22 ҳазор тон гандум ба маблағи беш аз 39 миллион доллар ворид шудааст.

Дар солҳои гузашта Тоҷикистон аз Қазоқистон бештар орд ворид мекард, аммо акнун ба далели арзон будани қимати гандум ва фароҳам будани имкони орд кардани он дар корхонаҳои дохилии Тоҷикистон талош мешавад, ки гандум бештар ворид гардад.

Панҷ сол қабл ба Тоҷикистон 360 ҳазор тон орд ворид шуд, ки дар соли 2017 ин шохис ба 54 ҳазор тон расид.

Дар маҷмуъ дар соли 2017 Тоҷикистон аз хориҷ ба мизони як миллиону 14 ҳазор тон гандум ба қимати ҳар тон 195 доллар ворид кард, аммо қимати ҳар тон орди воридотӣ ба Тоҷикистон дар соли 2017 ба 248 доллар расидааст.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тон мебошад, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.