Апрел 10, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон

Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” аз афзоиши содироти барқи ин кишвар ба Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши “CA-News”, содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон, ки аз рӯзи аввали моҳи апрел, пас аз 9 соли вақфа ба мизони 672 ҳазор киловатт/соат дар шубонарӯз аз сар гирифта шуд, акнун ба як миллион киловатт/соат афзоиш ёфтааст. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” эълом кардаанд, ки имкони содироти як миллион киловатт/соат барқи Тоҷикистон ба Узбакистон пас аз баҳрабардорӣ аз хати дувуми 220-киловолтии интиқоли барқи ин кишвар фароҳам шудааст. Ҳамчунин сохти хати ҷадиди 220-киловолтии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон дар шаҳри Исфара оғоз шудааст, ки мӯҷиби афзоиши боз ҳам бештари содироти барқ ба Узбакистон хоҳад шуд.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки ҳаҷми кулли содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя беш аз 1.5 миллиард киловатт/соат дар сол хоҳад буд. Дар фасли тобистон Узбакистон барқи Тоҷикистонро бо қимати ду сент барои як киловатт/соат ва дар фасли зимистон бо қимати 2.5 сент барои як киловатт харидорӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон имсол барои содирот 1.5 миллиард киловатт/соат барқ ба Афғонистон ба қимати чаҳор сент барои як киловатт/соат эъломи омодагӣ кардааст, аммо мушкилоти амниятии Афғонистон ва инфиҷори хатҳои барқи Тоҷикистон ба ин кишвар монеи ҷиддӣ дар роҳи содироти барқи Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон дар баҳору тобистон метавонад то панҷ миллиард киловатт/соат барқ ба хориҷ содир кунад.