Апрел 10, 2018 14:49 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ ба Душанбе сафар мекунад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сафари наздикҳангоми вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ дар садри як ҳайати сиёсӣ ба Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузори “Форс”, Ли Ён Ҳо, вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ, ки акнун дар Маскав ҳузур дорад, аз 13 то 15 апрел дар садри як ҳайати сиёсӣ ба Тоҷикистон сафар ва бо Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷики худ дидору гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад, ки дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ ва ҳамчунин амният дар ҷаҳон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ дар Маскав то кунун бо Дмитрий Патрушев, дабири кулли Шӯрои амнияти Русия дидор карда, қарор аст, бо Сергей Лавров, вазири хориҷии ин кишвар низ дидору гуфтугӯ кунад.

Ҳайати Кореяи Шимолӣ қабл аз вуруд ба Маскав ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон сафар карда буд.