Апрел 12, 2018 11:50 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Каромат Шарипов аз мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳ

Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ аз "беамалӣ”-и мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шикоят кардааст.

Ба иттилои Ахбор, Каромат Шарипов мегӯяд, ӯ шаҳрванди Русия буда, ғайриқонунӣ аз Русия ба зодгоҳаш ихроҷ шуд, вале мақомоти Тоҷикистон исрор меварзанд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мақомоти Русия моҳи декабр Каромат Шариповро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ ва роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия баъди чор моҳи ихроҷаш аз Русия ба Тоҷикистон қазияашро ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кашондааст.

Додгоҳи ноҳияи Любертсии вилояти Маскав 30 ноябри соли 2017 шаҳрвандии Русияи Каромат Шариповро бекор кард ва ӯро бар асоси як санади консулгарии Тоҷикистон дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон буданаш рӯзи 12 декабр аз Русия тавассути ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ба зодгоҳаш ихроҷ карданд.

Каромат Шарипов мегӯяд, баъди бозгашт ба дари тамоми мақомоти марбутаи Тоҷикистон сар задааст, то исбот кунад, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест ва ҳамчун афсари артиши Русия шаҳрвандии Русияро қонунӣ гирифтааст. Вале мақомоти Тоҷикистон дар посухҳои расмии худ ба Каромат Шарипов навиштаанд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар зодгоҳаш – деҳаи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод расман ба қайд гирифта шудааст.