Август 31, 2016 11:37 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти молӣ ва таъхир дар ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон

Мушкилоти молӣ баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти аввалин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғараро бо таъхир рӯбарӯ кардааст.

Ба гузориши "Авесто", мудирияти Минтақаи озоди иқтисодӣ дар баёнияе эълом кардааст, ки бар асоси барнома қарор буд ширкати чинии муҷрии сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон то 9 сентябр ва солгарди истиқлоли ин кишвар, марҳилаи нахусти ин полоишгоҳро ба баҳрабардорӣ расонад.

Бар асоси ин баёния, бурузи мушкилот дар интиқоли маблағи мавриди ниёз барои идомаи сохти полоишгоҳ аз сӯйи яке аз бонкҳои Тоҷикистон, сабаби таъхир дар баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти ин тарҳ шудааст.

Ҳамчунин ба иллати мушкилоти молӣ бахше аз таҷҳизоти мавриди ниёзи ин полоишгоҳ бо таъхир ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Мушкилоти молӣ ҳамчунин муҷиби ба таъхир афтодани пардохти маоши коргарони фаъол дар сохти полоишгоҳи нафти Данғара шудааст, ба наҳве, ки ҳамакнун танҳо 30 то 40 дарсади коргарони иҷрои ин тарҳ ба фаъолият дар он идома медиҳанд ва бақия мураххасии бидуни ҳуқуқ гирифтаанд.

Мудирияти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара тасреҳ кардааст, ки бо ин шароит ба эҳтимоли зиёд баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти ин полоишгоҳ дар моҳи ноябри имсол имконпазир хоҳад буд.

Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар устони Хатлони Тоҷикистон, заминаи коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд. Бо такмили ин тарҳ Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ истихроҷ кунад.

 Тарафи чинӣ барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтисос додааст.

 

Барчасп