Апрел 16, 2018 13:39 Asia/Dushanbe
  • Шитоб дар сохту сози неругоҳи “Роғун”

Корҳои сохту соз дар таъсисоти мухталифи неругоҳи барқӣ обии “Роғун”-и Тоҷикистон дар соли 2018, шитоби тоза гирифтааст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, тибқи иттилои масъулони бахши энержии Тоҷикистон, теъдод муҳандисин ва коркуноне, ки дар сохти неругоҳи барқӣ обии “Роғун” машғул ба кор ҳастанд, ба далели шитоби корҳои сохту соз дар ин неругоҳ, афзоиш ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир шумори онҳо дар таъсисоти мухталифи “Роғун” ба беш аз 18 ҳазору 600 нафар мерасад, ки 2 ҳазору 600 нафар бештар аз оғози соли ҷорӣ аст.

Масъулони бахш иэнержии Тоҷикистон гуфтаанд, ки қасд доранд аввалин марҳалаи неругоҳи барқӣ обии “Роғун”-ро тибқи барнома дар муддат замони мушаххас, яъне қабл аз поёни соли ҷории 2018 ба баҳрабардорӣ бирасонанд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки барои такмил ва иҷрои тарҳи неругоҳи барқӣ обии “Роғун” дар соли ҷорӣ, 2 миллиард сомонӣ (226.7 миллион доллар) ихтисос ёфтааст ва илова бар ин, авроқи баҳодори давлатии Тоҷикистон ба арзиши 500 миллион доллар дар бозори авроқи баҳодори ҷаҳонӣ фурӯхта шудааст, то барои такмили тарҳи “Роғун” ҳазина шавад.

Неругоҳи барқӣ обии “Роғун” бар рӯйи рӯдхонаи Вахш дар 110 километрии шаҳри Душанбе, қарор дорад ва бар асоси проект шомили 6 турбина аст, ки зарфияти ҳар як 600 мегаватт мебошад. Иртифои сади хокии неругоҳи барқӣ обии “Роғун”, 335 метр ва дар навъи худ болотарин мизон дар ҷаҳон аст.