Тоҷикистон раис ва Эрон дабири кулли ҷадиди ЭКО шуданд
(last modified Tue, 17 Apr 2018 09:01:03 GMT )
Апрел 17, 2018 14:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон раис ва Эрон дабири кулли ҷадиди ЭКО шуданд

Дар бисту сеюмин иҷлоси Шӯрои вазирони хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Тоҷикистон ба раёсат ва Эрон ба дабири куллии ҷадиди ин созмон расиданд.

Ба гузориши “Ховар”, имрӯз, пас аз ифтитоҳи бисту сеюмин иҷлоси Шӯрои вазирони хориҷии ЭКО бо суханронии намояндаи Покистон, раёсати ин созмон аз Покистон ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Азим Иброҳим, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон низ паёми табрики раисҷумҳури Тоҷикистонро барои ҳозирон қироат кард.

Аз дигар мусавваботи иҷлоси ЭКО интисоби дабири куллии ҷадиди созмон буд, ки дабири куллӣ ба муддати се сол, аз соли 2018 то соли 2020 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон вогузор шуд.

Дар баёнияи иҷлоси кишварҳои узв аз пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) ҳимоят ва монеатарошиҳои баъзе кишварҳои хориҷ аз минтақаро дар ин замина маҳкум карданд. Ҳамчунин протоколи ислоҳи мувофиқатномаи марбут ба муассисаи стандарти ЭКО, ки мақарри он дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, тасвиб шуд.

Дар бисту сеюмин иҷлоси Шӯрои вазирони ЭКО, вазирон ва муовинони вазирони хориҷии давлатҳои Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат карданд. Дар ҳошияи ин иҷлос дар боғи “Ирам”-и Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор мешавад.