Апрел 17, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Эрон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Эрон дар ҳошияи бисту севвумин Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ- ECO бо ҳам дидор карданд.  

Ба нақл аз Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф ва Сироҷиддин Аслов дар ин дидор дар бораи равобити дуҷониба, пайгирии тавофуқҳои сафари ахири раисҷумҳури исломии Эрон ба Тоҷикистон ва масоили минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.  

Зариф имрӯз дар Душанбе бо Рашид Мередов, ҳамтои туркмани худ низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Вазири хориҷаи Эрон дирӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидор кард.

Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҷумҳури Озарбойҷон, 10 узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ- ECO ҳастанд.

 

Барчасп