Апрел 18, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Шикояти наздикони Бозор Собир аз ҳазинаҳои дармонӣ дар Амрико

Ҳамсар ва бархе наздикони Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик аз раванди дармони вай дар Амрико шокӣ ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Бозор Собир, ки ин рӯзҳо дар бемористоне дар шаҳри Сиэтли Амрико бистарӣ аст, бо мушкилоти молӣ ба иллати боло будани хароҷоти дармон дар Амрико, рӯбарӯ аст.

Хонуми Гулчеҳра, ҳамсари ин шоир гуфтааст, барои ҳалли ин мушкил ба Сафорати Тоҷикистон дар Амрико муроҷиат кардаанд, вале ҳанӯз посух нагирифтаанд.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон ба сафорат ва дигар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар хоки Амрико дастур дода буд, ба вазъияти Бозор Собир ва интиқоли ҳар чӣ зудтари вай ба Тоҷикистон расидагӣ кунанд.

Бозор Собир, ки ҳоло дар шуъбаи эҳёи бемористоне дар Сиэтли Амрико бистарӣ аст, аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии тоҷик аст, ки соли 2013 бо даъвати раисҷумҳурии Тоҷикистон аз Амрико ба ватан баргашт ва соли 2017 дубора ба Амрико рафт ва сабаби рафтанашро тавзеҳ надодааст.