Апрел 19, 2018 11:27 Asia/Dushanbe
  • Нахустин машқи низомии Тоҷикистону Узбакистон

Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Узбакистон ба нахустин машқҳои муштараки низомӣ омодагӣ мегиранд. Ин машқҳо, қарор аст, то поёни соли равон дар чанд тамрингоҳи воқеъ дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя доир шаванд. То кунун артишҳои Тоҷикистону Узбакистон ягон маротиба машқи муштарак анҷом надодаанд. Артиши Узбакистон дар минтақа қавитарин ва артиши Тоҷикистон заифтарин шумурда мешаванд.

Хабаргузории ТоҷикТА хабар дод, ки Тоҷикистону Узбакистон барои нахустин бор дар таърихи худ машқҳои муштараки низомӣ доир мекунанд.

Ба гуфтаи манбаи ТоҷикТА, "нахустин машқҳои муштараки низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Узбакистон то поёни соли равон доир мешаванд. Дар ҳоли ҳозир намояндагони мақомоти низомии ду кишвар замону макони баргузории ин машқҳо, шумори афсарону аскарон ва техникаи низомиеро, ки дар онҳо бояд ҷалб шаванд, баррасӣ доранд.”

Машқҳои муштарак ғолибан дар чанд тамрингоҳи воқеъ дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя доир хоҳанд шуд. Дар ҷараёни ин машқҳо аз ҷумла шеваи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалиро тамрин хоҳанд кард.

Аз замони таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Узбакистон чоряк аср мегузарад, вале то кунун низомиҳои ин ду кишвар ягон машқи муштарак доир накардаанд. Нирӯҳои артиши Узбакистон дар поёни соли 1992 барои тасарруфи Душанбе ба ҷангиёни Фронти халқӣ кумак карданд ва дар соли 1993 дар амалиёти тоза кардани водии Рашт аз нирӯҳои мухолифин низ ширкати фаъол доштанд, вале баъди сард шудани равобити роҳбарияти сиёсии Душанбеву Тошканд ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар низ тақрибан ба сифр баробар шуданд.