Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия
Нахуствазири Тоҷикистон аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии ин кишвар ба Русия хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Қоҳир Расулзода ин хабарро дар поёни нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав эълом кард.
Вай ҳамчунин бо эъломи афзоиши 4,3 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл гуфтааст, дар ин муддат содироти маҳсулоти кишоварзии кишвараш ба Русия шаш дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Ба гуфтаи Расулзода, ширкатҳои саноатии Русия мутааҳҳид шудаанд, мошинолоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистонро таъмин кунанд.
Тоҷикистон низ барои сохти анборҳои мева ва сабзиҷот дар шаҳри Душанбе ва содироти ин маҳсулот ба Русия барномарезӣ кардааст.
Душанбе ва Маскав эълом кардаанд, имсол барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хушкбор, асал ва обмеваҳои мухталиф аз Тоҷикистон ба Русия, шароити ҳамлу нақлро фароҳам хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир Русия муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.