Нуқтаи заъфи донишмандони тоҷик дар навиштани рисолаи докторӣ
Муассиси пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи "Диссернет" гуфтааст, нуқтаи заъфи донишмандони тоҷикистониро ҳангоми навиштани рисолаҳои докторӣ пайдо кардаанд.
Ба гузориши сомонаи rosvuz.dissernet.org, Сергей Порхоменко гуфтааст, фаъолияти ин пойгоҳ танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд намешавад ва тамоми кишварҳои узви ИДМ-ро дар бар мегирад.
Вай таъкид кардааст, дар ҳоли ҳозир фароянди навиштан ва дифоъ аз рисолаҳои докторӣ дар бархе аз мавридҳо ба як санъати бисёр пешрафта табдил шудааст, ки супоришдиҳанда, восита ва иҷрокунанда дорад ва тамоми ин мароҳил бо дарёфт пул пеш меравад.
Албатта ҳазинаи таҳияи рисолаҳои докторӣ бастагӣ ба ришта ва аҳамияти мавзӯъ дорад, ки пас аз тавофуқ бар сари қимат, афроди хос ва мутахассис ба ҷойи довталаб, ин кор илмиро то лаҳзаи дифоъ аз рисола анҷом медиҳанд.
Вай пешниҳод кардааст, барои баррасии аслӣ ё тақаллубӣ будани матн дар осори илмӣ, дар дохили Тоҷикистон низ пойгоҳи миллии ифшосозӣ таъсис шавад.
Ахиран пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ (Диссернет) бо интишори намунаҳое аз рисолаҳои доктории наздик ба 20 донишманди тоҷик муддаӣ шудааст, ин афрод дар навиштани рисолаи доктории худ, аз осори донишмандон рус ва тоҷик бидуни истинод ба китобҳои онон истифода кардаанд.
Дар миёни ин афрод, чандин чеҳраи машҳур ва теъдоди зиёде аз устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон мушоҳида мешаванд.
Ин афрод аз сӯи Диссернет ба тақаллуб дар навиштани рисолаи доктории худ муттаҳам шуда буданд, ки бархе аз онон муваффақ ба гирифтани ин мадрак нашуданд.