Апрел 22, 2018 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ёдоварии ҳаққи бознишастагии муҳоҷирони тоҷик ба Русия

Тоҷикистон бори дигар аз Русия хост муҳоҷирони тоҷикро бо ҳаққи бознишастагӣ таъмин кунад.

Ба гузориши Спуткник, ин дархост аз сӯи сарвазири Тоҷикистон ва пас аз нишасти комиссияи муштараки Тоҷиксистон ва Русия дар Маскав матраҳ шуд.

Қоҳир Расулзода гуфт: Аз мақомоти Русия хостаем муҳлати иқомати бидуни сабти номи шаҳрвандони тоҷикро дар русия то 30 рӯз тамдид кунад ва ба муҳоҷирон ҳаққи зиндагӣ ва кор дар Русия то 6 моҳ бидуни патент ( иҷозатномаи кори) дода шавад.

Расулзода афзуд, аз русҳо ҳамчунин хостем масъалаи ойилавии муҳоҷирон ва таъмини хонаводаҳои онҳоро дар назар  бигирад ва тарафи русӣ гуфтааст, ки ин маворидро баррасӣ хоҳад кард.

Пештар Абдурраҳмон Қодирӣ- раиси пешини вилояти Суғд ва муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҳамоише дар Маскав пешниҳод карда буд мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик ҳаққи бознишастагӣ бидиҳад.