Апрел 24, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои СБП барои коҳиши қарзи хориҷии Тоҷикистон

Коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки барои коҳиши қарзи хориҷии худ бояд барномаи корофаринӣ ва таъсиси корхонаҳои ҷадиди тавлидиро дар дастури кор қарор диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, коршиносони ин ниҳоди молӣ муътақиданд, ки барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа бо мизони болои қарзи хориҷӣ, назири Тоҷикистон яке аз роҳҳои афзоиши тавони бозпардохти қарзҳо анҷоми ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъсиси корхонаҳои ҷадиди тавлидӣ аст. Ба гуфтаи ин коршиносон, тавсеаи воҳидҳои тавлидӣ бо ҷазби нерӯҳои мутахассис заминаи афзоиши арзаи маҳсулот ва дарёфти молиёти бештарро фароҳам месозад, ки метавонад мӯҷиби муҳайё шудани манобеи молии мавриди ниёз барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон гардад.

Коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯянд, ки қарзҳои дарёфтӣ барои иҷрои тарҳҳои давлатӣ, бавижа аз Чин, қарзҳои дохилӣ бо ҳадафи ҳимоят аз энержӣ ва судури авроқи қарзаи ширкати сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба арзиши 500 миллион доллар дар моҳи сентябри соли 2017 аз иллатҳои аслии афзоиши қарзҳои Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол наздик ба се миллиарду 700 миллион доллар эълом шудааст, ки баробар бо 51.4 дарсади аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.