Апрел 25, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
  • Кумаки пизишкони пойгоҳи русӣ барои ташхиси иллати марги шаҳрванди тоҷик

Волидайни Абдурасул Назаров, ки дар пайи боздошт ва интиқол ба идораи пулиси Сино-2 шаҳри Душанбе ҷони худро аз даст дода буд, барои мушаххас кардани иллати марги вай, аз пизишкони низомии пойгоҳи 201 артиши Русия, дархости кумак кардаанд.

Ба гузориши сойти “ Азия плюс”, натоиҷи колбудшикофӣ аз ҷасади Абдурасул Назаров пас аз набш(кушодан)-и қабри вай, барои ташхиси иллати марг дар ихтиёри пизишкони низомии пойгоҳи 201 артиши Русия дар Тоҷикистон, қарор гирифт.

Абдуссамад Назаров, бародари Абдурасул Назаров гуфтааст, пизишкони низомии рус ва тоҷик натоиҷи таҳқиқи худ дар бораи иллати марги бародарашро ба зуддӣ эълом хоҳанд кард.

Абдурасул Назаров 40 сола ва сокини шаҳри Душанбе, ки дар як таъмиргоҳи худрав кор мекард, дар таърихи 28 марти 2018 ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир аз сӯи пулиси Сино-2 шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Субҳи рӯзи баъд аз боздошти ин фард, пизишкони бемористони марказии шаҳри Душанбе “Қарияи боло”, пайкари вайро ба наздиконаш таҳвил доданд. Пизишкон ба наздикони Абдурасул Назароф гуфта буданд, мақомоти пулиси Сино-2, вайро дар ҳолати марги болин(беҳуш)-ӣ ба бемористон таҳвил дода буданд.

Наздикони марҳум иддао мекунанд, Назаров ба хотири аворизи ношӣ аз шиканҷаи мақомоти пулис фавт кардааст, аммо мақомоти пулиси Сино-2 бо радди ин иддао, иллати марги вайро масрафи беш аз ҳадди маводи мухаддир дар гузашта эълом кардаанд.

Бо ин ҳол, хонаводаи Назаров мегӯянд, баррасиҳо нишон медиҳад Абдурасул Назаров аслан маводи мухаддир масраф намекарда ва дар маркази сабти номи мӯътодони Тоҷикистон, номи вай мушоҳида нашудааст.

Ҳамчунин Хуршед Сангов, муовини раиси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ, вуҷуди ҷарроҳот ва доғҳои сиёҳ дар ҷасади Назаровро таъйид карда, аммо ба таври мушаххас нагуфтааст, ба чӣ иллат ин ҷароҳатҳо дар ҷасад вуҷуд дорад.