Ҳифзи арзиши сомонӣ бо равишҳои иҷборӣ имконпазир нест
Устоди донишгоҳи иқтисоди Русия муътақид аст, бо равишҳои иҷборӣ дар Тоҷикистон ҳифзи арзиши сомонӣ, дар баробари асъори хориҷӣ ғайримумкин аст.
Ба нақл аз Спутник, Сергей Пухов бо ишора ба маҳдудияти хариди доллар дар Тоҷикистон таи як ҳафтаи ахир гуфт, бо равишҳои иҷборӣ намешавад, иқтисодро мудирият кард ва ҳифзи арзиши сомонӣ дар ин шароит кори сахте хоҳад буд.
Вай ҳадафи давлати Тоҷикистон аз эъмоли маҳдудият дар хариди асъор дар ин кишварро ҷилавгирӣ аз шоеот ва эҷоди оромиши нисбӣ дар бозори муомилоти асъор унвон кардааст, ки дар баландмуддат ҷавоб нахоҳад дод. Чун тавони муқобила бо афзоиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон заиф аст ва дар ин марҳала бозор қавоиди хешро бар иқтисод дикта мекунад.
Дар бонкҳои Тоҷикистон ҳар долларро ҳашт сомониву 89 дирам ба фурӯш мерасонанд, ки қабл аз ин, ҳашт сомониву 84 то 86 дирам буд.