Туҳфаи идонаи Рустами Эмомалӣ ба кӯҳнасарбозони шаҳри Душанбе
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани кумакпӯлӣ ба собиқадорони ҷанг қарор баровардааст.
Ба иттилои Спутник, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки барои иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, собиқадорони ҷанги Афғонистон ва маъюбони садамаи Чернобил 720 ҳазор сомонӣ ё 81 ҳазор доллар маблағ ҷудо карда шавад, хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.
Ба гузориши манбаъ, аз ин маблағ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 1500 сомонӣ дода шавад.
Ҳамчунин шахсоне, ки дар ақибгоҳи Ҷанги Дувуми Ҷаҳон кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон, маъюбони садамаи Чернобил ва хонаводаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, 800 сомонӣ маблағ мегиранд.
Рустами Эмомалӣ муовинони худро вазифадор кардааст, ки ба аёдати иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон рафта, аз номи шаҳрдорӣ бо тантана ба онҳо маблағи ҷудошударо супоранд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Суғд дар Иди Ғалаба собиқадоронро ройгон ташхиси пизишкӣ мекунанд.