Изҳороти мутаноқизи Амрико ва Русия дар бораи ҳузури ДИИШ дар Афғонистон
Мақомоти Русия ва Амрико дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм ва ифротгарии хушунатомез, дар бораи ҳузури аъзоии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон арзёбиҳои мутаноқизе ироа карданд.
Ба нақл аз Авесто, Олег Сиромолотов, муовини вазири хориҷаи Русия дар суханронии худ дар ин конфронс, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, тасреҳ кард: Шимоли Афғонистон ба пойгоҳе барои терроризми байналмилалӣ табдил шудааст.
Сиромолотов афзуд: Аз чаҳор то 10 ҳазор шибҳнизомии ДИИШ дар Афғонистон ҳузур доранд ва тақрибан ниме аз онҳо дар манотиқи марзӣ дар шимоли ин кишвар мутамаркиз шудаанд.
Аммо Ҳенри Аншир, ҷонишини муовини дастёри вазири хориҷаи Амрико дар ин конфронс эълом кард: Иёлоти Муттаҳида хуруҷи шибҳнизомиён аз Сурия ва Ироқ ва вуруди онҳо ба Афғонистонро мушоҳида накардааст.
Вай бар тааҳҳуди Иёлоти Муттаҳида ба мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард ва ба пешрафтҳои суратгирифта дар бозпасгирии манотиқи таҳти тасарруфи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ишора кард.