Сентябр 01, 2016 15:10 Asia/Dushanbe
  • Озод шудани се шаҳрванди Эрон аз зиндонҳои Тоҷикистон

Се шаҳрванди Эрон, ки машмули Қонуни авфи Тоҷикистон шудаанд, аз зиндонҳои ин кишвар озод хоҳанд шуд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳангоми гусел кардани яке аз зиндониёни эронии озодшуда дар Фурудгоҳи байналмиалии Душанбе бо баёни ин хабар афзуд, то рӯзи якшанбе, бар асоси Қонуни авфи Тоҷикистон, ду шаҳрванди дигари Эрон низ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод хоҳанд шуд. Ба гуфтаи оқои Фағонӣ, "бо озодии ин се нафар теъдоди эрониёни маҳкумшуда дар Тоҷикистон ба як нафар коҳиш хоҳад ёфт ва мо талош мекунем, ки бо пайгириҳои лозим теъдоди зиндониён дар ин кишварро ба сифр бирасонем". Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни истиқбол аз Қонуни авфи Тоҷикистон ҳамчунин давлат ва мардуми ин кишварро ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон табрик гуфт.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси иттилои идораи зиндонҳои Тоҷикистон, тайи ду рузи гузашта беш аз 500 маҳкумшуда аз зиндонҳои ин кишвар озод шуданд. Бино ба гузориши идораи зиндонҳои Тоҷикистон, тайи 2 рӯзи ахир, тибқи Қонуни афв, ки чанд рӯз қабл тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид, аз зиндони занонаи шаҳри Норак 130 нафар ва аз зиндони мардонаи ноҳияи Ёвон беш аз 400 нафар озод ва ба назди хонаводҳояшон баргаштанд.

Қонуни афв дар Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод шуд ва ҳафтаи гузашта тавассути парлумон ба тасвиб расид. Бар асоси ин қонун, беш аз 12 ҳазор нафар аз афроди гумонбар, афроди таҳти муҳокима ва маҳкумон маврид афв қарор мегиранд. Охирин афви умумӣ дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014, дар остонаи бистумин солгарди тасвиби Қонуни Асосии Тоҷикистон иҷро шуда буд, ки бар асоси он, беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ва афроди муттаҳам ба ҷиноят мавриди афв қарор гирифтанд.