Май 06, 2018 13:27 Asia/Dushanbe
  • Вуқӯи ду заминларза дар шарқи Тоҷикистон

Ду заминларзаи пайдарпайи субҳи имрӯз (якшанбе) вилояти Бадахшон бахшҳое аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистонро ларзонд.

Ба гузориш сомонаи Ахбор, шиддати заминларзаи аввал, ки дар 22-километрии шаҳри Хоруғ маркази ҷилояти Бадахшон рух дод, 4,8 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунзаминӣ (риштер) қудрат дошт.

Ҳамчунин заминларзаи дувум ба бузургии 4,6 риштер дар ноҳияи Саритоши Қирғизистон (ҳаммарз бо Тоҷикистон) гузориш шудааст.

Ҳануз иттилооте аз хисороти молӣ ва ҷонии ин заминларза гузориш нашудааст.

Ба гузориши сомонаи earthquaketra.com, дар 24 соати гузашта се заминларза дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Ҳамчунин дар як ҳафтаи гузашта дар ин кишвар ҳафт зилзила, дар як моҳи ахир 25 ва дар як соли гузашта, 200 зилзилаи як то панҷриштерӣ сабт шудааст.