Эъломи мизони масрафи сафари ҳаҷи имсол барои зоирони тоҷик
(last modified Tue, 08 May 2018 03:48:54 GMT )
Май 08, 2018 08:48 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мизони масрафи сафари ҳаҷи имсол барои зоирони тоҷик

Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон масрафи сафари ҳаҷи имсол барои зоирони тоҷикро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон, зоирони тоҷик бояд барои таъмини ҳазинаи ҳаҷи имсол 33 ҳазору 410 сомонӣ пардохт кунанд, ки муодили 3 ҳазору 712 доллар мебошад. Ин маблағ барои пардохти пули билети рафтубаргашти ҳавопаймо, иқомат дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама, дар фосилаи яккилометрии Масҷидулҳаром, иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара, пазироӣ аз ҳоҷиён бо се вақт хӯрок дар Макка ва Мадина, дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбладону сарпарастони ботаҷриба ва забондон барои ҳар гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, дар хаймаҳои муҷаҳҳаз, анҷоми қурбонии ҳоҷиён, таъмини васоили нақлия барои ҳоҷиён дар масирҳои Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа, Мино-Макка-Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хидматрасонӣ дар Арабистони Саудӣ, расондани кумакҳои аввалияи пизишкӣ ба ҳоҷиён  ва дигар ҳазинаҳои ҷонибӣ дар назар дошта шудааст. Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2017 738 сомонӣ бештар аст.

Гуфта мешавад, имсол низ беш аз 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон озими сарзамини ваҳй хоҳанд шуд. Дар соли 2017 аз Тоҷикистон 6 ҳазору 300 нафар барои анҷоми маносики ҳаҷ ба Арабистон рафта буд.