Бонки Ҷаҳонӣ: Тоҷикистон дар баробари тағйироти обуҳавоӣ осебпазир аст
Бонки Ҷаҳонӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари осебпазир дар баробари тағйироти обуҳавоӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ёд кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши хеш бо унвони “Мудирияти манобеии табиии Тоҷикистон" навиштааст, аз 720 ҳазор ҳектор замини қобили кишт дар Тоҷикистон 515 ҳазор ҳектор, яъне ҳудуди 71 дарсади он мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки беш аз 90 дарсад аз қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ба далели шӯр шудан ва фарсоиши заминҳои ин кишвар бахше аз ин манобеи табиӣ ғайри қобили истифода мешавад, ки ин мавзӯъ афзоиши мизони фақр миёни сокинони манотиқи рустоиро дар пай дорад. Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон дар баробари зилзила, сел, обшавии пиряхҳо, рониши замин, коҳиши солиёнаи мизони боришҳо ва боло омадани сатҳи оби рӯдхонаҳо ба шиддат осебпазир боқӣ мемонад.
Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури коҳиши осебпазирии Тоҷикистон дар баробари офатҳои табиӣ иҷрои 9 тарҳи зистмуҳитиро дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар оғоз кардааст, ки мӯҷиби ҷилавгирӣ аз тахриби заминҳои киштбоби Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин иқдом ба беҳбуди кайфияти беш аз 44 ҳазор ҳектор замини қобили кишт дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва заминаи иштиғоли ҳазорон нафарро фароҳам месозад.