Ҳузури ҷанговари 99-солаи тоҷик дар Ҷашни пирӯзӣ бар Олмони нозӣ
Як собиқадори Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз Тоҷикистон дар остонаи 100-солагӣ озими Русия шудааст, то дар маросими Ҷашни пирӯзии артиши шӯравӣ бар Олмони нозӣ ширкат кунад.
Ба гузориши “CA News”, Ҳайдар Ҳалимови 99-сола, ки дар ҷавонӣ дар сафи нерӯҳои шӯравӣ зидди олмониҳо ҷангидааст, ҳанӯз солиму шодоб аст ва бо итминони хотир роҳии Маскав, пойтахти Русия шудааст. Ин ҷанговари тоҷик дар озодсозии Ленинград (Санкт-Петербург) ва ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика аз муҳосираи артиши Олмони нозӣ ширкат карда, муфтахар ба дарёфти нишонҳое аз раҳбари вақти шӯравӣ шудааст.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 290 ҳазор нафар озими ҷабҳаҳои набард бо нерӯҳои мутаҷовизи Олмони нозӣ шуданд, ки аз ҳар се нафари онҳо як нафар ҷон бохт.
Ҳамасола намояндагоне аз собиқадорон ва куҳнасарбозони кишварҳое, ки бо Олмони нозӣ ҷангидаанд, барои ширкат дар Ҷашни пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар пойтахти Русия гирдиҳам меоянд. Имсол 95 нафар аз 23 кишвар дар ин маросим ширкат мекунанд, ки Ҳайдари Ҳалимови 99-сола яке аз онҳост.