Май 08, 2018 16:38 Asia/Dushanbe
  • Дархости муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон аз Созмони ҳамкории исломӣ  

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон нақшофарини муассири Созмони ҳамкории исломиро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом хостор шуд.

Пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати хориҷа навишт, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони “Арзишҳои исломӣ баҳри сулҳи устувор, ҳамбастагӣ ва рушд”, ки 5-6 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Даккаи Бангладеш баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Вай дар суханронии хеш, аз ҷумла таъкид дошт, ки "Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад". Зимнан таваҷҷуҳи ҳозирин ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда шуд.

Илова бар ин ишора гардид, ки дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз чораҳои эҳтиётӣ дар ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад.