Май 09, 2018 09:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми малахҳо ба 69 ҳазор гектар аз заминҳои кишоварзии Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҳуҷуми малахҳо ба беш аз 69 ҳазор гектор аз заминҳои кишоварзии ин кишвар ва оғози муқобила бо ин офат хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, хадамоти мубориза бо малахи вобаста ба ин вазоратхона эълом кард, ҳам акнун беш аз 69 ҳазор гектар аз заинҳои кишоварзии ин кишвар ҳадафи ҳамлаи малахҳо қарор гирифта, ки кори мубориза бо ин офат ва сампошӣ оғоз шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки масоҳати заминҳои кишоварзии олуда ба малах дар вилояти Хатлон ба беш аз 24 ҳазору 265 гектар, вилояти Суғд 579 гектар ва соири манотиқ ба беш аз 45 ҳазор гектор мерасад.

Гуфта мешавад, ки имсол ба далели хушксолӣ дар муқоиса бо соли қабл, замони ҳуҷуми малахҳо зудтар оғоз шуда ва масоҳати заминҳои кишоварзииъ олуда низ 7 ҳазор гектор бештар будааст.

Барои мубориза бо ин офат 663 коргар мавсимӣ, 29 дастгоҳ гектору 505 адад дастгоҳ сампош ба хидмат гирифта шудааст, ки то ба ҳол беш аз 45 ҳазор гектор заминро сампошӣ кардаанд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бораи мизони хисороти ворида ба заминҳои кишоварзии ин кишвар бар асари ҳуҷуми малахҳо, оморе ироа накардааст.