Май 10, 2018 08:53 Asia/Dushanbe
  • Вуқуи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон

Рӯзи 9 май, соати 15:41 ба вақти Тоҷикистон як заминларзаи шадид ин кишварро такон дод. Шиддати ин заминларзаро дар марказаш – 35-километрии Ишкошим 6,2 балл баровард мекунанд.

Ба иттилои Ахбор, хонандагони "Ахбор” аз Исфара хабар доданд, ки дар пайи ин заминларза бисёрии сокинон хонаҳои худро тарк карда, ба кӯча баромаданд. Дар бораи заминларзаи шадид аз Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ ба "Ахбор” хабар доданд.

Бино ба гузориши марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, рӯзи 9 май соати 15:41 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон як заминларзаи 6,2-баллӣ рух додааст. Маркази ин заминларза дар 36-километрии шимолуғарби маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир будааст.

Сокинон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон бо сомонаи "Ахбор” дар тамос шуда, аз ин офати табиӣ хабар доданд. Онҳо мегӯянд, заминларзае ба чунин шиддатро дар солҳои охир мушоҳида накарда буданд.

Як хонандаи "Ахбор” аз Исфара гуфт: "Замин чунин ба ҷунбиш даромад, ки дару девору тирезаҳои хонаҳо ларзид. Мардум дигар ҳама ҳаросон кӯдакони худро бағал гирифта, ба кӯча баромаданд. Чанд сол боз чунин заминларзаи сахт нашуда буд.”

Дар шаҳри Душанбе низ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони "Ахбор”, ларзидани замин хеле сахт эҳсос мешуд. Ба хусус дар биноҳои баландошёна. Сокинон дар пойтахт низ дар пайи ин офати табиӣ худро аз хонаҳо ба кӯча задаанд.

Як сокини шаҳри Истаравшан хабар дод, ки ҷунбидани замин чанд дақиқа давом кард. Дар инҷо низ мардум аз хонаҳо худро ба берун кашидаанд.

Аз деҳаи Қалъаи Ҳисор хабар доданд, ки заминларза вақте рух дод, ки дар инҷо консерте ба шарафи Иди Ғалаба идома дошт: "Вақте замин ларзид, консерт қатъ шуд ва ҳама – чӣ тамошобинону чӣ ҳунармандон ба замин шиштанд.”

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қитъаи Осиё ҷойгир шудааст. Ҳар сол дар ин кишвар то 1000 заминларза, аз ҷумла беш аз 200 заминларзаи шиддаташ беш аз 1,5 балл сабт мешавад.