Май 14, 2018 15:24 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон барои ҳамкории обӣ бо Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз омодагии кишвараш­барои ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи интиқоли об хабар дод.  

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Неъматуллоҳи Эмомзода­дар нишасти хабарӣ гуфт: Тоҷикистон дорои манобеи бузурги обист, бинобарин наметавонд дар баробари мушкилот рӯзафзуни вобаста ба об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бетафовут бошад ва омодагӣ дорад, то барои ҳалли мушкилоти обии кишварҳои минтақа ба вижа Эрон ҳамкорӣ кунад.  

Эмомзода афзуд: Токунун музокироти хубе бо Теҳрон­ дар ин замина анҷом шудааст ва агар дархосте аз ҷониби Эрон барои интиқоли об матраҳ шавад, имкони интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба баргузории Конфронси байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор”, ки авоили хурдод дар Душанбе баргузор мешавад ­гуфт: Токунун 20 кишвар дар сатҳи раисҷумҳур, шаш кишвар дар сатҳи вазир ва панҷ кишвар низ дар сатҳи муовинон ё раисони созмонҳои муҳити зист барои ширкат дар ин конфронс эъломи омодагӣ кардаанд.