Май 15, 2018 09:29 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул аз маҳалли сохти нерӯгоҳи “Роғун”

Ҳайате аз Сандуқи Байналмилалии Пул, ки барои баррасии авзои иқтисодии Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кардааст, аз маҳалли сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боздид кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси ин ниҳоди молии Тоҷикистон иттилооте дар бораи вижагиҳо ва аҳамияти такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои таъмини барномаи роҳбурдии рушди миллии ин кишвар то соли 2030 ба ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул ироа кард. Муҳаммадсаид Шамсуллоҳзода, муовини раиси ширкати муҷрии сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” низ ба пурсишҳои ҳайати Сандуқи Байналамилалии Пул дар мавриди зарфияти тавлиди барқ, замони баҳрабардорӣ аз чархаи нахуст ва мизони муқовимати садди 335-метрии ин нерӯгоҳ дар баробари зилзила посух дод.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017 маблағи 500 миллион доллар аз саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш расонд, ки бо суди солиёнаи ҳафтдарсадӣ қобили бозпардохт аст ва барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ истифода мешавад. Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. P. A” вогузор кард. Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар соли ҷорӣ чархаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар 110-километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970 барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳанӯзи ин тарҳ такмил нашудааст. Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиарди киловатт-соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.