Май 15, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди нашрияи тоҷикистонӣ аз иғвогариҳои Амрико дар Ховари Миёна

Нашрияи русизабони тоҷикистонӣ тавтеаи Амрико дар интиқоли сафорати худ дар сарзаминҳои ишғолӣ аз Телавив ба Байтулмуқаддасро маҳкум кард.

Нашрияи “Бизнес и политика” дар мақолаи таҳлилие бо унвони "Иғвогарони вашингтонӣ дар Ховари Миёна" ба шиддат аз сиёсатҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар қиболи Фаластин интиқод карда, онро заминасози хунрезии густурдаи дигаре дар минтақа донистааст. Дар ин матлаб зикр шудааст: «Маросими интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас дар ҳоле баргузор шуд, ки хуни даҳҳо фаластинӣ бар асари таҳоҷуми низомиёни исроилӣ бар замин мерехт». Нашрияи БП меафзояд, ҷанбаи ғайриинсонии маросими ёдшуда дар ин воқеият мушоҳида шуд, ки фоҷеаи қурбонӣ шудани фаластиниҳо дар навори Ғазза амрикоиҳои муддаии демократия ва шарикони исроилии онҳоро аслан такон надод.

БП иқдомоти таҳрикомези Амрико ва режими саҳюнистиро дар сарзаминҳои ишғолӣ хатарофарин дониста, эътирозоти фаластиниҳо ва кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрону Туркия ба онро «амри табиӣ» хондааст.