Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус дар Душанбе
Май 15, 2018 21:03 Asia/Dushanbe
Имрӯз дар чорчуби сафари расмии Александ Лукошенко ба Тоҷикистон тарафҳо 15 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба иттилои Тоҷикта, дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, масъалаҳои муҳими рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни музокирот дар сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин маслаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигар, баррасӣ намудаанд.
Дар фарҷоми музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус имзо шуд.