Пирӯзии ҳуқуқии муҳоҷири тоҷик бар пулиси Русия
Як муҳоҷири кории тоҷик дар Русия бо талоши зиёд тавонист, пулиси ин кишварро маҳкум кунад.
Ба гузориши сомонаи Фарғона, Фахриддин Тағоймуродов аз ноҳияи Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон, чанд соле аст, ки дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ басар мебарад.
Вай гуфтааст, пас аз он ки борҳо аз сӯи пулиси Русия боздошт ва ҳар бор бо пардохти ришва озод шуда, тасмим гирифтааст аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад.
Вай ба ҳамин манзур шурӯъ ба мутолиаи қавонини Русия карда ва аз як вакили мудофеъ ба номи Валентина Чупик кумак хостааст.
Саранҷом вай пас аз он ки дар рӯзи 23 апрели имсол барои чандумин бор аз сӯи пулис боздошт ва бо бархӯрдҳои хашин ва ғайриқонунии онҳо мувоҷиҳ шуд, бо пофишории худ ва вакили мудофеаш муваффақ ба касби озодии беқайду шарт ва узрхоҳии расмии мақомоти расмии Русия шуд.
Фахриддин Тағоймуродов гуфтааст, пулис ва дигар ниҳодҳои қудратии Русия аксар бо истифода аз адамт тасаллутт муҳоҷиринт корӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба забони русӣ ва таҳдид ба ихроҷ аз ин кишвар, аз муҳоҷирон ришва дарёфт мекунанд.
Ҳамчунин онҳо ҳар навъи рафтори ғайриқонуниро дар қиболи ин муҳоҷирони корӣ, раво мебинанд.
Ба гуфтаи вай, агар муҳоҷирон ба қавонин ва ҳуқуқи худ огоҳ ва пойбанд бошанд, метавонанд аз худ дар баробари бадрафториҳои пулиси Русия дифо кунанд.