Сабти номи дафтари намояндагии Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 03 Sep 2016 04:09:32 GMT )
Сентябр 03, 2016 09:09 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи дафтари намояндагии Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон

Дафтари намояндагии Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ сабти ном шуд.

Ба гузориши равобити умумии Маркази содироти Русия, ҳадаф аз оғоз ба кори ин марказ дар Тоҷикистон, пайдо кардани шарикони тиҷории ҳамкор, баргузории музокирот миёни бахшҳои хусусии ду кишвар ва муаррифии тавонмандиҳои ширкатҳои русӣ барои тарафи Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар чорчӯби ин ҳамкориҳо, содиркунандагони рус метавонанд ба кӯмаки молии ду бонки русӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои молӣ доранд, умедвор бошанд.

Дмитрий Прохоренко, мудири дафтари намояндагии Маркази содироти Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, Маскав яке аз бузургтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон аст ва акнун барои тақвияти ҷойгоҳи худ дар ин кишвар ва иртиқои сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба талош мекунад.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир Русия ба Тоҷикистон худрав, таҷҳизоти мухталифи санъатӣ, мошинолоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ ва чӯбу тахта содир мекунад.

Ин мақоми тиҷории Русия аз баррасии беш аз 20 тарҳ барои афзоиши содироти маҳсулоти тавлидии ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон хабар додааст.