Май 19, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамлаи малахҳо ба заминҳои кишоварзии Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши заминҳои ин кишвар, ки ҳадафи ҳамлаи малахҳо қарор гирифтаанд, хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти мубориза бо малахи вобаста ба ин вазоратхона эълом кард, ҳамакнун беш аз 88 ҳазор гектар аз заминҳои кишоварзии ин кишвар ҳадафи ҳамлаи малахҳо қарор гирифтааст, ки кори мубориза бо ин офат ва дорупошӣ идома дорад.

Барои муқобила бо ҳамлаи малахҳо беш аз 64 ҳазор гектар аз заминҳои кишоварзӣ дорупошӣ шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки масоҳати мазореи кишоварзии олуда ба малах дар вилояти Хатлон ба беш аз 61 ҳазору 420 гектар, дар вилояти Суғд 18 ҳазору 274 гектар ва дигар манотиқ ба беш аз 8 ҳазор гектар мерасад.

Гуфта мешавад, ки имсол ба далели хушксолӣ дар муқоиса бо соли қабл, замони ҳуҷуми малахҳо зудтар оғоз шуда ва масоҳати мазореи олуда низ бештар будааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кард, барои мубориза бо ин офат беш аз ҳазор коргари мавсимӣ, 73 дастгоҳ трактор ва 628 адад дастгоҳи дорупошӣ ба хидмат гирифта шудааст, ки то ба ҳол беш аз 64 ҳазор гектар заминро дорупошӣ кардаанд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бораи мизони хисороти ворида ба мазореи ин кишвар бар асари ҳуҷуми малахҳо оморе ироа накардааст.