Май 20, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намояндагии минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар Шенсии Чин

Дафтари намояндагии минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғди Тоҷикистон дар вилояти Шенсии Чин ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, ин дафтар дар чорчуби нишасти ҳамкории марказҳои илм ва саноати кишварҳои масири ҷодаи Абрешим, ки дар ҷумҳурии Чин баргузор шуд, гушоиш ёфт.

Фирдавс Олимзода мудири дафтари раиси Минтақаи озоди иқтисодии Суғд гуфтааст, пас аз муаррифии зарфиятҳои ин марказ, тарафи чинӣ барои густариши ҳамкорӣ бо вилояти Суғди Тоҷикистон алоқамандӣ нишон дод ва ин сабаби ифтитоҳи дафтар дар устони Шенсии Чин шуд.

Вай муътақид аст, бо муаррифии дастовардҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд заминаи густариши ҳамкориҳои миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Шенсии Чин фароҳам шудааст.

Зеро ду нафар ба унвони намояндагони Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар ду устони Шангхай ва Шенсии Чин муаррифӣ шудаанд, ки машғули ҷазби сармояи бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин минтақа хоҳанд буд.

Ҳамчунин намояндагони Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар ҳошияи нишасти ҳамкории марказҳои илм ва саноати кишварҳои масири ҷодаи Абрешим, бо фаъолияти корхонаҳои чуб, пахта ва чой дар устони Шенсии Чин ошно шуданд.

Ҳамзамон бо ифтитоҳи дафтари намояндагии Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд дар Шенсии Чин, чаҳор созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои чинӣ ва тоҷикистонӣ имзо шуд.