Май 23, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Чаро таҷаммуъ дар баробари сафорати Эрон дар Душанбе намоишӣ буд?

Дар паи таҷаммуи эътирозии ахир дар муқобили сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, фаъоли расонаии тоҷик дар таҳлиле ин тазоҳуротро намоишӣ ва давлатӣ хонд.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паи таҷаммуи кӯчаке дар баробари сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар он ширкаткунандагон шиорҳои зиддиэронӣ сар доданд, Дорюши Раҷабиён бо зикри далелҳое ин таҷаммуъро намоишӣ донист.  

Ба навиштаи вай, дар Тоҷикистон таҷаммуи эътирозомез баргузор намешавад ва танҳо тазоҳуроти баргузоршуда низ дар мухолифат бо рақибони давлат будааст ва таҷаммуи рӯзи душанбе низ истисное бар ин қоида нест.  

Вай ба яксон будани шиорҳо ва ҳатто дастхати навиштаҳо ишора карда ва шиорҳое аз қабили “дӯстии Тоҷикистон ва Эронро ҳурмат кунед”-ро шиоре дониста, ки фақат аз зеҳн ва каломи давлат метаровад.

Ин фаъоли расонаии тоҷик дар поён ба иҷрокунандагони чунин намоишҳое тавсия кардааст, дар намоишҳои баъдӣ аз ҳунарпешаҳои ҳирфаитаре баҳра биҷуянд.