Афроди бидуни тобеият дар Русия корти шиносоӣ дарёфт мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34586-Афроди_бидуни_тобеият_дар_Русия_корти_шиносоӣ_дарёфт_мекунанд
Вазорати кишвари Русия дар ҳоли тадвини тарҳи қонуни ҷадиди эътои кортҳои шиносоӣ барои афродест, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни доштани мадорики муътабар ва тобеияти русӣ ба сар мебаранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 24, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Афроди бидуни тобеият дар Русия корти шиносоӣ дарёфт мекунанд

Вазорати кишвари Русия дар ҳоли тадвини тарҳи қонуни ҷадиди эътои кортҳои шиносоӣ барои афродест, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни доштани мадорики муътабар ва тобеияти русӣ ба сар мебаранд.

Ба нақл аз сайти рӯзномаи русии Известия, мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Шӯравии собиқ, ки 15 соли ахир дар Русия ба сар бурдаанд ва афроде, ки дар кӯдакӣ ба Русия омада ва ба дарёфти тобеият муваффақ нашудаанд, ҳамчунин зиндониёни озодшуда шомили ин қонун хоҳанд шуд.  

Бо эътои корти шиносоӣ дар маҳалли сукунат ва кори ин афрод, заминаи дарёфти тобеияти Русия дар оянда барои онон фароҳам хоҳад шуд.