Баргузории Иҷлоси Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ
Май 24, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
Дар Иҷлоси Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Ба нақл аз Авесто, дар иҷлоси чаҳоршанбеи Шӯрои вазирони дифоъ, барномаи омодагии муштараки мақомоти ситодӣ ва ташкил нерӯ ва таҷҳизоти системаи амнияти ҷамъии ин созмон барои соли отӣ тасвиб шуд.
Ҳамчунин тарҳи намояндагони кишварҳои узв дар бораи сиёсати хориҷӣ, амният ва дифоъ дар нимаи дуввуми соли 2018 ва нимаи аввали 2019 тасвиб шуд.