Баргузории Иҷлоси Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34612-Баргузории_Иҷлоси_Шӯрои_вазирони_дифои_Созмони_паймони_амнияти_ҷамъӣ
Дар Иҷлоси Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 24, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Иҷлоси Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Дар Иҷлоси Шӯрои вазирони дифои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Авесто, дар иҷлоси чаҳоршанбеи Шӯрои вазирони дифоъ, барномаи омодагии муштараки мақомоти ситодӣ ва ташкил нерӯ ва таҷҳизоти системаи амнияти ҷамъии ин созмон барои соли отӣ тасвиб шуд.  

Ҳамчунин тарҳи намояндагони кишварҳои узв дар бораи сиёсати хориҷӣ, амният ва дифоъ дар нимаи дуввуми соли 2018 ва нимаи аввали 2019 тасвиб шуд.