Чӣ касоне дар таҷаммӯи зиддиэронӣ муқобили сафорати Эрон дар Тоҷикистон ширкат карданд?
Бархе сомонаҳои хабарӣ ҷузиёти тозае аз "таҷамӯи эътирозӣ"-и рӯзи 21 май муқобили сафорати Эрон дар Тоҷикистон мунташир кардаанд.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, сомонаи паём нет- сомонаи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон овардааст, ҳар рӯз ҷузъиёти ҷадиде аз ин саҳнасозӣ, ки мардуми онро ба сухра мегиранд, ифшо мешавад.
Ин сомонаи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо ишора ба мутаноқиз ва мубҳам будани шиорҳои сар дода дар таҷаммӯъ гуфтааст, ширкаткунандагон аз як сӯ шиори "марг бари Кабирӣ" сар медоданд ва аз тарафи дигар бо шиори "фарзандони моро баргардонед" шикоят доштанд, ки фарзандонашон аз Эрон намеоянд.
Ин сомона ҳамчунин бо мушаххас кардани афроди ширкаткунанда дар таҷаммӯъ, дастикам 20 нафар аз онҳоро сокинони шаҳраки Коргари ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, муаррифӣ карда ва навиштааст, ки раҳбарии онҳоро Гулсунбӣ (номи хонаводагии он маълум нашудааст), масъули Кумита дин ва танзим дар ҷамоатт Турсунзода бар ӯҳда дорад.
Манбаъ бо ишора ба ин, ки ҳама ҳаққ доранд эътироз кунанд, афзудааст, маълум шуд ин гурӯҳ ҳамоне будааст, ки дар "тазоҳурот" назди хонаи Тешаевҳо ва Сайидумар Ҳусайнӣ ширкат доштааст.
Яке аз бонувони "муътариз", ки ин сомон6аи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон шиносоӣ кардааст, дорои писаре аст, ки дар шаш соли гузашта ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия, машғул ба кор будааст.
Ин сомона меафзояд, раҳбари аслии кулли гурӯҳи тазоҳуроткунандагон Неъматуллоҳ Давлатов, раиси бахши Кумитаи дин дар ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки пештар низ дар барпо кардани чандин таҷаммӯъи эътирозӣ алайҳи мухолифон ва боздошт ва зиндонӣ шудани чандин нафар аз онҳо даст доштааст.
Ин сомона ҳамчунин аз шахсе ба номи Расулов ном бурдааст, ки дар солҳои 2014-2015 ҷонишини раиси варзиши донишкадаи тарбиятбаднӣ будааст.
Ба навиштаи манбаъ, қобили ташхис набудани эътирозкунандагон аз кормандони мақомоти интизомӣ низ аз дигар нукоти ҷолиби таваҷҷуҳ дар таҷаммӯи эътирозии 21 май дарбаробари сафорати Эрон дар Тоҷикистон будааст ба тавре, ки раҳбар ва сардастаи мӯътаризон, ки «шиорҳои аҷиб ва ғарибе медод дар саҳнаи дигарӣ аз навори видеоӣ, кормандони пулисро ҷоба ҷо мекунад ва онҳо низ ҳарфи ӯро гӯш мекунанд.»
Дар рӯзҳои ахир бархе маҳфилҳо дар Тоҷикистон, хилофи манофеи ду миллати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг даст ба таҳаррукоти машкуке зада ва иттиҳомҳои беасосеро ба Эрон ворид кардаанд.
Бархе фаъолони расонаии тоҷик бо зикри далоиле, сохтагӣ ва намоишӣ будани ин таҳаррукотро исбот кардаанд.