Май 25, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории вилоятҳои Русия ва Тоҷикистон тақвият мешавад

Шашумин конфронси тавсиаи ҳамкорӣ байн вилоятҳои Русия ва Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар Душанбе баргузор мешавад.

Шашумин конфронси тавсиаи ҳамкории байни вилоятҳои Русия ва Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши Форс, ин конфронс сешанбеи ҳафтаи оянда ба мизбонии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар оғоз ба кор мекунад.

Қарор аст дар ин нишаст фурсатҳои афзоиши ҳамкории намояндагони касбу кори ду кишвар аз тариқи тавсиаи ҳамкории байни устонҳои Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Нишасти коршиносон бо ҳузури намояндагони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, тоҷирон, мақомоти расмӣ ва хабарнигорони ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Дар маросими мазкур масоили густариши ҳамкории дуҷонибаи вилоятҳо дар бахши кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, иртибототи башардӯстона, саноат, зерсохтҳо ва дигар мавридҳо баррасӣ мешавад.