Ҳузури ҳазорон нафар дар варзишҳои субҳгоҳӣ дар Тоҷикистон+акс
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i34730-Ҳузури_ҳазорон_нафар_дар_варзишҳои_субҳгоҳӣ_дар_Тоҷикистон_акс
Барномаи варзиши субҳгоҳӣ бо истиқболи хуби мардум дар Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 27, 2018 05:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳазорон нафар дар варзишҳои субҳгоҳӣ дар Тоҷикистон+акс

Барномаи варзиши субҳгоҳӣ бо истиқболи хуби мардум дар Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст

Ба гузориши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст”, ки 24 феврали соли 2018 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардида истодаанд.

Роҳандозӣ гардидани машқҳои пагоҳирӯзӣ ба оммавигардонии варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа аз ҷумла наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.

Дар баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ мураббиёни соҳаи варзиш ҷалб гардидаанд, ки ҳар субҳи шанбе дар ҷойҳои муқарраргардида барои иштирокчиён машқи пагоҳирӯзиро доир менамоянд.

Дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозигардида субҳи имрӯз шумораи умумии иштирокчиёни машқҳои пагоҳирӯзӣ ба 16989 нафар расид.

Иштирокчиёни машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 557 нафар, вилояти Хатлон 5400 нафар, вилояти Суғд 5300 нафар, шаҳри Душанбе 1025 нафар ва дар шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 4707 нафарро ташкил дод.