Насби тарозуҳои назоратӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе
(last modified Sun, 27 May 2018 08:34:31 GMT )
Май 27, 2018 13:34 Asia/Dushanbe
  • Насби тарозуҳои назоратӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе

Тамомии бозорҳои шаҳри Душанбе дорои як то 4 адад тарозуе шуданд, ки бар асоси меъёрҳои давлатӣ танзим ва дар болои ҳар як аз онҳо иборати "тарозуҳои назоратӣ" навишта шудааст.

Ба нақл аз Спутник, Ожонси стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, харидорон дар сурати шубҳа доштан дар бораи миқдор ва мизони маҳсулоти ғизоии харидоришуда метавонанд аз ин тарозуҳо истифода кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, чанде пеш коршиносон ва мутахассисони ин Ожонс пас аз назорат ва контроли мустақими бозорҳои шаҳри Душанбе бо ҳадафи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон  дарёфтанд, ки бештари савдогарон тибқи  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" амал намекунанд.

Ин манбаъ ҳамчунин афзудааст: Ба манзури бартараф кардани ин мушкил дар арафаи моҳи мубораки Рамазон нишастҳое бо роҳбарон ва масъулони ин бозорҳо баргузор ва то ҳудуди зиёде мушкил бартаф шуд.