Маҳдудияти нави Вазорати кори Русия барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ
(last modified Mon, 28 May 2018 04:58:46 GMT )
Май 28, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти нави Вазорати кори Русия барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ

Вазорати кори Русия тарҳеро ироа кардааст, ки бар асоси он дар вилоятҳои ин кишвар коргарони муҳоҷири хориҷӣ танҳо бар асоси ниёзи ширкатҳо ва корхонаҳо ҷазб шаванд ва дар ғайри ин сурат онон аз ҳуқуқи дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат маҳрум мешаванд.

Ба гузориши Спутник, аз намояндагиҳои идораҳои Вазорати кори Русия дар вилоятҳо хоста шудааст, феҳристи ниёзи марказҳои тавлидӣ, ширкатҳои сохтмонсозӣ ва хадамоти шаҳриро барои истихдоми коргарони муҳоҷири хориҷӣ таҳия кунанд.

 Агар ин тарҳ иҷроӣ шавад, он теъдод аз коргарони муҳоҷири хориҷе, ки дорои омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ нестанд ва ширкатҳо ва корхонаҳо дар вилоятҳои Русия ба онон ниёз надоранд, муҷаввизи кор ва иқомат дарёфт нахоҳанд кард.

Ҳамчунин ҳазинаи муҷаввизи кор низ монанд солҳои қабл барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ яксон нахоҳад буд ва вобастагӣ ба навъи ҳирфаи ин афрод дорад, ки ба маротиб бештар хоҳад шуд.

 Аммо Вячеслав Поставнин муовин пешини Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва раиси Бунёди муҳоҷират дар қарни 21 мӯътақид аст, ин тарҳ дур аз воқеиёти бозори кори ин кишвар буда ва сабаби афзоиши мавридҳои истихдоми коргарони муҳоҷири ғайриқонунӣ мешавад ва истихдоми бидуни муҷаввизи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, заминаи фирор аз пардохти молиётро фароҳам месозад, ки ба зиёни давлат тамом мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ҳазинаи муҷаввизи кор бисёр гарон аст ва илова бар ин, коргарони муҳоҷири хориҷӣ бояд дар озмуни забони русӣ, таърих ва фарҳанги ин кишвар ширкат кунанд, гувоҳиномаи саломат дарёфт намоянд ва ба думболи дафтарчаи бимаи дармонӣ бошанд.

Дар шаҳри Маскав танҳо ду миллион нафар коргари муҳоҷири хориҷӣ бо муҷаввиз фаъолият мекунанд ва дар сартосари Русия чандин миллион нафари дигар бидуни муҷаввиз ҳастанд.

Мақомоти идораи муҳоҷирати вобаста ба Вазорати кишварт Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишварро як миллион нафар унвон мекунанд.

Аммо созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия эълом кардаанд, теъдодт ин афрод байни як миллиону 500 ҳазор то ду миллион нафар аст.