Дархост барои баррасӣ нашудани шикояти Каромат Шарифов
Вазорати дохилаи Тоҷикистон аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дархост кардааст, шикояти раиси ҷунбиши коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия алайҳи ин вазоратро баррасӣ накунад.
Ба гузориши сомонаи Toptj.com, Каромат Шарифов муддаӣ аст, мақомоти ин вазорат бо ироаи иттилооти нодуруст дар бораи тобеияти тоҷикистонии вай, заминаи ихроҷаш аз Русияро фароҳам кардаанд.
Ӯ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хоста ё шаҳрвандии ӯро барқарор созад ва ё таъйид кунад, ки ҳеҷ иртиботе бо Тоҷикистон надорад.
Мақомоти Вазорати дохила ва идораи судури шиносномаи Тоҷикистон мегӯянд, Каромат Шарифов мутаваллиди ноҳияи Файзободи ин кишвар аст ва тобеияти вай бояд аз сӯи додгоҳ ва бо ҳукми раиси ҷумҳурӣ лағв шавад.
Аммо Шарифов муддаӣ аст, ӯ ба унвони афсари бознишастаи артиши Русия, тобеияти ин кишварро дорад ва ихроҷаш ба Тоҷикистон бар асоси асноди ҷаълии вазорати корҳои дохилаи ин кишвар, ғайриқонунӣ аст.
Ба гуфта вай, Тоҷикистон танҳо зодгоҳи ӯст ва замоне, ки барои идомаи хидмат дар артиши Русия ба ин кишвар рафта, аслан шиносномаи ҷадиди тоҷикӣ вуҷуд надошт ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳеҷ гоҳ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон дарёфт накардааст.
Додгоҳи ноҳияи Любертсии вилояти Маскав 30 ноябри соли 2017, шаҳрвандии Каромат Шарифовро ба иттиҳоми дарёфти ғайриқонунии гузарномаи шаҳрвандии Русия, лағв ва ӯро бар асоси санади консулгарии Тоҷикистон аз Русия ихроҷ кард ва ба зодгоҳаш баргардонд.
Шарифов сабаби ихроҷаш аз Русияро дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик эълом карда, ки боиси норизоятии мақомоти Маскав шудааст.