Донишомӯзони тоҷик аз Ҳиндустон 12 медали тило оварданд
(last modified Mon, 28 May 2018 06:02:20 GMT )
Май 28, 2018 11:02 Asia/Dushanbe
  • Донишомӯзони тоҷик аз Ҳиндустон 12 медали тило оварданд

Донишомӯзони тоҷик дар як рақобати байналмилалӣ дар Ҳиндустон муваффақ ба касби 12 медали тило шуданд.

Ҳафтумин олимпиадаи байналмилалӣ дар бахшҳои риёзӣ, физика, химия ва зистшиносӣ аз 20 то 26 май дар донишгоҳи Амитаи шаҳри Ноида Ҳиндустон баргузор шуд.

Донишомӯзони 15 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Амрико, Бангладеш, Туркия ва Қазоқистон дар ин олимпиада ширкат карданд.

Тими эъзомӣ аз Тоҷикистон низ муташаккил аз 27 нафар дар ин рӯйдоди байналмилалии илмӣ ширкат карда буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон рӯзи 27 май эълом кард, донишомӯзони тоҷик ҷойгоҳи аввалро дар касби теъдоди медалҳои тило, ба даст овардаанд.

Ин дувумин боре аст, ки намояндагоне аз кишвари Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ ширкат мекунанд.